меҳр

меҳр
[مهر]
1. муҳаббат, ишқ, дӯстдорӣ; навозиш, меҳрубонӣ; меҳри модар, меҳри поки Ватан, аз рӯи меҳр, бо меҳр, меҳри беандоза доштан, меҳри касе дар дил будан; ба таври истиора: меҳри касеро аз дил кандан, меҳри касеро ба чизе бедор кардан (мас., меҳри касберо), тухми меҳр дар дили касе коштан
2. офтоб, хуршед: меҳри мунир, меҳри оламтоб, меҳри Ховар; меҳри дурахшон дамидан офтоби тобон намоён шудан, офтоб баромадан; меҳр бастан нисбат ба касе ё чизе меҳру муҳаббат пайдо кардан; касе ё чизеро дӯст доштан, нағз дидан; меҳр мондан дӯст доштан касеро, дил бастан ба касе; меҳри касе ё чизе ба дил ҷо шудан ё дар дил ҷой гирифтан меҳр бастан ба касе ё чизе, касе ё чизеро дӯст доштан
3. моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ пас аз шаҳривар ва пеш аз обон (мутобиқ ба моҳи «мизон»-и тақвими бурҷӣ), ки он ба сентябр октябри милодӣ рост меояд; номи рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳи шамсӣ
◊ меҳр дар чашм // меҳр дар дида бо ёру дӯстон ҳар қадар зиёдтар вохӯрдӣ ва рафтуомад кардӣ, ҳамон қадар бештар онҳоро дӯст медорӣ (ба онҳо дил мебандӣ)

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»